То саҳар хобам наёмад,
Шаб, чу хондам номаҳоят.
Дар дилам ошӯби маҳшар,
Бар сарам омад қиёмат.
Гуфта будӣ “Баъди хондан
Номаҳоямро бисӯзон”
Гар бисӯзам номаҳоят,
Сӯзадам дил, сӯзадам ҷон.
Номаҳоятро насухтам
Сӯхт аммо тинати ман.
Баъд аз он то ҳоли ҳозир
Сӯхтан шуд қисмати ман.
Охирин як номаи ту
Дошт оҳанги васият
Пеш аз марги таби дил,
Пеш аз марги муҳаббат.
Охирин як номаи ту
Дошт оҳангу навое,
Гӯиё хатти сияҳ буд
Пеш аз рӯзи ҷудоӣ.
Аввалин як номаи ту
Дошт пайғоми ҷавонӣ.
Охирин як номаи ту
Дошт анҷоми ҷавонӣ.
Аввалин як номаи ту
Буд лабрези муҳаббат.
Охирин як номаат дошт
Дарди ночизи муҳаббат.
Номаҳои аввалинат
Сарпарасти ишқ буданд.
Номаҳои охиринат
Аз шикасти ишқ буданд.
Номаҳоятро ба ҳар ҳол
Доштам дар синаи худ.
Доштам дур аз фасурдан
Мисли як ганҷинаи худ.
Номаҳо бо аксҳоят,
Номаҳо бо нолаҳоят,
Номаҳои ишқу ҳасрат,
Номаҳои бебаҳоят.
То кунун дар синаи ман
Монда ёд аз ишқи воло:
Он яке кӯбад думушта,
Дигаре созад тавалло.
Гуфта будӣ “Баъди хондан
Номаҳоямро бисӯзон”
Гар бисӯзамшон, бисӯзад
Боқии дил, боқии ҷон.
Сӯхтам ман худ, ҳамин бас,
Номаҳо бояд насӯзанд.
То даме дар хотири ман
Гӯшаеро барфурӯзанд…
[1986]