Наврӯзи ман бе ту гузашт, – Лоик Шерали

Наврӯзи ман бе ту гузашт,
Бе рӯи ту бадрӯ гузашт.
Чун рангу бӯи ту надошт
Орӣ зи рангу бӯ гузашт.

Мехостам дидори ту,
Чашмони оташбори ту.
Мехостам сӯзам даме
Дар оташи рухсори ту.

Мехостам дидан туро,
Мастона бӯсидан туро.
Дар саҳнаи Наврӯзи дил
Дил дода санҷидан туро.

Мехостам гул чиданат,
Аз шеъри ман завқиданат.
Бо чашмаҳо ҷӯшиданат,
Бо сабзаҳо рақсиданат.

Мехостам дар ёлаҳо
Хандида мисли лолаҳо,
Бо ман дари дил во кунӣ
Бар қасди оҳу нолаҳо.

Мехостам, мехостам
Чун ошиқи шайдостам.
Наврӯз меболад, вале
Ман бе ту дилро костам.

Дунё ба чашмам тира шуд,
Чашми умедам хира шуд.
Андӯҳи маргафзои ту
Бар шодиҳоям чира шуд.

Афсӯс аз ин дилсӯзиям,
Аз ишқи меҳнатрӯзиям.
Ин шеъри пурсӯзам бихон
Чун тӯҳфаи наврӯзиям…

[1986]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *