Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем. – Лоик Шерали

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем.
Хазонҳо зери по афтода буданд.
Ба зери осмони сарду бемеҳр
Дарахтон урён истода буданд.

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Нишони сабзаву гул ҷуз хасе нест.
Замин коҳидаву рангаш парида,
Миёни дашту саҳро ҳам касе нест.

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Ки дидори гули худрӯ бубинем,
Ки шояд аз баҳорони гузашта
Гули ночидаи худро бичинем.

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Дигар дар ҷӯйҳо оби равон нест.
Чи бас обе гузашта аз сари мо,
Ки аз мо ҳам касе ҳоло ҷавон нест.

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем;
Замин беҳолу ноҳинҷор хуфта
Вале андар замини толеи мо
Чи гулҳоест ҳоло ношукуфта.

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Ҳама гулбуттаҳо бебарг буданд.
Кӣ медонад, ки андар қисмати мо
Чи гулҳое, ки ғофилмарг буданд…

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем
Ба рағми роҳу расми рӯзгорон.
Ману ту аз баҳорон дер мондем,
Дареғи он ҳама гул дар баҳорон…

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *