Ман ба ҳар ҷое, ки рафтам, – Лоик Шерали

Ман ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Раҳ ба раҳ хондам тарона
Мондам аз худ як ҳақиқат,
Мондам аз худ як фасона.

Ман ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Буд роҳам ҷониби ту.
Ишқи ту буд соҳиби ман
Ишқи ман буд соҳиби ту.

Ман ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Будӣ ту дар синаи ман,
Ё чу бахти нақди дастам,
Ё ғами деринаи ман.

Ман ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Роҳ сӯи манзилам буд.
Пеш-пеши ман муҳаббат,
Пеш-пеши ман дилам буд…

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *