КАБӮТАРҲО – Лоик Шерали

КАБӮТАРҲО

Даруни номаат ҷуфти кабӯтар,
Даруни номаат расми диле буд,
Даруни номаат барги гули тар,
Фурӯзон чун забони машъале буд.

Кабӯтар номаи секунҷа мебурд,
Ба боли чун бари рӯят сафедаш.
Гули нома баҳори орзу буд,
Дили нома дурахшон мисли оташ.

Ҷавон будӣ, ба ҳукми ғунча будӣ,
Баҳорат буду айёми шукуфтан.
Ту аз ҳад сода будӣ, мекушудӣ
Дилатро пеши кас бемакру бефан.

Даруни дарс аз устод пинҳон,
Ба коғаз расми кафтар мекашидӣ:
Варо бо ранҷҳо чун сурати ҷон,
Аз он будаш накӯтар мекашидӣ.

Суханҳоят чӣ нопайваста буданд –
Гувоҳи ларзаи дил, ларзаи даст.
Нигаҳҳоят дар он хат хаста буданд,
Ки ишқу ошиқӣ дурӯза будаст…

…Дар он курсӣ дигарҳо менишинанд,
Дар он мактаб туро ёдест танҳо.
Фақат дар рӯи коғаз ҷуфт монданд,
Кабӯтарҳо, кабӯтарҳои зебо.

Гули рӯят кунун гулдастаи кист?
Кабӯтарҳо куҷо парвоз карданд?
Дилат дар ёди кӣ, побастаи кист?
Кабӯтарҳо хататро бар кӣ бурданд?

Маро бо ту диле буд рӯи озар,
Раҳе бар ҷониби сарманзиле буд.
Даруни номаат ҷуфти кабӯтар,
Даруни номаат расми диле буд…

23.06.1966 – Новороссийск

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *