Зи бахти гумшуда чун оварам ёд, – Лоик Шерали

Зи бахти гумшуда чун оварам ёд,
Зи дуродур овози ту ояд.
Дили гумкардаамро чун биҷӯям,
Саропои туам дил менамояд.

Дарак пурсам чу аз умри гузашта,
Зи ҳар манзил бишӯрад ҳасрати ту,
Ки гӯӣ ҳар гиёҳу сабзаи раҳ
Хабар орад зи ранги қисмати ту.

Ману ту аз ғурури чашмбаста
Дари дилро ба рӯи ҳам бубастем.
Дигарҳо аҳд бастанду шикастанд,
Ману ту аҳд нобаста, шикастем.

Кунун аз хонаи обод пурсанд,
Намепурсад кас аз ободии дил.
“Туро ман зарра-зарра ҷамъ кардам”
Барои дил, барои шодии дил.

Кунун афтода дар гирдоби қисмат
Ману ту дар ҷудоиҳо қаринем.
Ба ҳам бинем ғамҳои муҳаббат,
Дареғо, шодии ӯро набинем…

Вале то зиндаам, то қисмате ҳаст,
Дилам номи дил аз номи ту ҷӯяд.
Агар сад сол ояд хушксолӣ,
Дилам чун лола дар боми ту рӯяд…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *