Имшаб аз кӯчаи хаёлам боз, – Лоик Шерали

Имшаб аз кӯчаи хаёлам боз,
Сояи қоматат чамон бигзашт.
Бенишон буд ишқи мову ту,
Сояат низ ончунон бигзашт.

Лек бар решҳои куҳнаи дил
Намаке зад, ки сахт месӯзад.
Хонаамро чунон тагорӯ кард,
Ки ҳама рахту пахт месӯзад.

Ҳамчу нури ситораи мурда
Нури ишқат ба синаам рахшид.
Гӯшаи тираи хаёламро
Чашмат аз дур равшанӣ бахшид.

Боз чил кокулу ҷамолакҳо,
Он хафабанду он сари сина,
Он вуҷуди бадеъу маъсума,
Он саволу ҷавоби дерина…

Боз мактубу боз пурсишҳо,
Ки чаро ошиқон ҷудо миранд?
Баҳри чӣ ишқ бебақо бошад,
Ошиқон ҷумла аз хато миранд?

Бевафоянд аз чӣ рӯ мардон,
Қадри ашки занон намедонанд?
Аз муҳаббат ба ғайри бӯсу канор
Достони дигар намехонанд?

Оҳ, ин достони бесарунӯг
Қиссаҳои “Ҳазору як шаб” нест,
Ки варо кас бихонаду гиряд,
То бигӯяд, ки аз куҷо ё чист…

Достонест ишқи инсонӣ,
Ки пур аз ребу рангу дастон аст.
Эй бад он, ки зи ишқ суде ҷуст,
Эй хуш он, ки зи ишқ мастон аст.

Мо ҳам андар ҷаҳони навбатбоз
Навбати хешро ба сар бурдем.
Ҷоми навбат ба дасти мо бишкаст,
То лаби хушку чашми тар бурдем.

Ҳар кӣ будем мову ту, бигзашт,
Оби рафта ба ҷӯ наояд боз.
Оби рӯ ҳам чу оби ҷӯ бигзашт,
Дигар он оби рӯ наояд боз.

Ҳар куҷое, ки бошӣ, ошиқ зӣ,
Ман барои ту шеър мегӯям.
Он гуле, ки баҳор гум кардам,
Ҳасрато, тирамоҳ меҷӯям…

[1973]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *