ДУХТАРИ ТОҶИК – Лоик Шерали

ДУХТАРИ ТОҶИК

Кокулони маҳини тарбофаш
Ба сари шонаҳош мерезад.
Файзи ҳусну малоҳати азалӣ
Гӯӣ аз сар ба пош мерезад.

Тоқии симдӯзиаш монад
Осмони ситораафшонро.
Ханд-хандон зи кӯчаҳо гузарад
Бинӣ бо чашм бахти хандонро.

Ман варо дар шитоб мебинам,
Гар нишастаст дар тролейбус,
Бо чи ҳирсе китоб мехонад
То шавад бар муроди дил пирӯз.

Хоксор асту шармнашкаста,
Рӯйҳо лолагун зи оташи дил.
Нигаҳаш лек огаҳӣ бидиҳад
Аз табутоби дил, зи сӯзиши дил…

Менамояд агарчи ботамкин,
Шармгину фақиру бепардоз,
Ман варо дар шитоб мебинам,
Гӯӣ инак ҳамекунад парвоз;

Гӯӣ инак ҳамекунад парвоз
Ҷониби мулкҳои нодида,
Ҷониби қутбҳои ишқу умед,
Ҷониби розҳои нашнида.

Гӯӣ инак ҳамекунад парвоз
Бол бикшода дар инони фазо,
Аз замину замон ҳамеҷӯяд
Қадри худро, мақоми қоимро.

Гӯӣ ҳозир ҳамекунад парвоз
То расад бар муроду мақсудаш.
Бахти худ ёбаду бияфшорад
Ба сари синаи таболудаш…

Нашитобад агар, гурезад бахт…
Нашитобад агар, дилаш коҳад…
Мепарад,
Мешитобад ӯ шабу рӯз,
Бахт меҷӯд…
Бахт мехоҳад…

[1973]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *