Духтари хоназоди хатлонӣ, – Лоик Шерали

Духтари хоназоди хатлонӣ,
Дер мондӣ ту аз ҷавонии ман.
Ту гули навшукуфтаӣ, аммо
Рафта айёми гулфишонии ман.

Гар бихоҳӣ, фасона мегӯям,
Ҳар қадар шеър хоҳӣ, мехонам,
Лек бо ту чӣ сохт бояд буд? –
Бахудо, бахудо, намедонам.

По ба по гар бихоҳӣ, ҳамроҳат
Оламеро пиёда мегардам.
Сӯи ту ҳар шабе чу шаббода,
Рӯз чун рӯзбода мегардам.

Лек на аз туву на ҳам аз ишқ,
Аз ду-се ақли хира метарсам.
Аз гуноҳи кабира бокам нест,
Аз гуноҳи сағира метарсам.

Соҳиле гар зи баҳр ҷӯёнӣ,
Бояд аввал гузашт аз паҳнош.
Гар гуноҳи сағира хоҳӣ, рав!
Гар гуноҳи кабира хоҳӣ, бош!

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *