Занг бандад даруни сина дилам, – Лоик Шерали

Занг бандад даруни сина дилам,
Нашнавам занги хандаҳоятро.
Рӯзгорам чи бесадо бошад,
Нашнавам соате садоятро.

Ба суолам ҷавоб агар надиҳӣ,
Зиндагӣ беҷавоб метобад.
Накунад гар садот бедорам
Зиндагӣ ҳамчу хоб метобад.

Ҳар нафас бо хаёли тифлона
Пур шавад дил зи шавқи дидорат,
Оҳи ӯ аз масофаҳо гузарад,
Кунад аз хоби ноз бедорат,

Ба дарат мушт кӯбаду ҳайҳот
Хоҳӣ, аммо кушуда натвонӣ.
Доғ-доғи ту асту боз ӯро
Ғайри доғе фузуда натвонӣ.

Нарм-нармак бароӣ аз хона
Ғофил аз чашми хонаводаи хеш
То диламро ба рӯи каф гирӣ,
Бингарияш ба чашми содаи хеш.

Бо ҳама изтиробу меҳру ситез
Дар кафи хештан бияфшорӣ,
Гарчи мехостӣ, наранҷонӣ,
Гарчи мехостӣ, наёзорӣ.

Тунду хашмӣ ба сӯи ӯ гӯӣ:
“Гарчи бо ту ман ошно будам,
Ин ҳама солҳо, ки бигзаштанд,
Ту куҷо будӣ, ман куҷо будам?

Ваҳ, чи зебоӣ, ваҳ, чи сӯзонӣ,
Аз куҷоӣ ту, аз куҷоӣ ту?
Бо дили поксӯзи шайдоям
Чи чазоӣ ту, чӣ сазоӣ ту!

Лек дер аст… ҳар қадар хоҳӣ
Баҳри таскини хеш маътал шав.
Варна бар ёдгори оташи ишқ
Дар сари чорроҳа машъал шав…”

…Бо ту рӯҳам агарчи ҳамхонаст,
Дили ман аз дарат бурун монад.
Баъди мо боз дар ҷаҳони дурушт
Ошиқӣ монаду ҷунун монад…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *