Ки роҳи хонаи худро наёбам.
Тиҳӣ созам ҳама майхонаҳоро,
Ки аз сар бигзарад ҳар сарҳисобам.
Зи назди хонаат ғалтону хезон
Гузар созам чу як девонаи ишқ.
Чароғи хонаат бинам фурӯзон
Чу нури сармади кошонаи ишқ.
Кулоҳамро зи истиғнои мастӣ
Барандозам ба сӯи Каҳкашонҳо
Равам бар остонат сар гузорам,
Ки мебошад баланд аз осмонҳо.
Давам бепову сар дар кӯчаи шаҳр,
Диламро аз фараҳ рӯи каф орам.
Бигирам аз гиребони ҳама кас,
Ки медонед? “Ӯро дӯст дорам!…”
Равам бо ташнагию сӯзиши дил,
Кашам сарви сари раҳро дар оғӯш,
Ки ғайр аз қомати ту то қиёмат
Ҳама аз хотирам гардад фаромӯш.
Назар созам ба пои ҳар дарахте
Ки гӯӣ низ побасти ту бошад.
Бубинам сӯи ҳар як ҳалқаи шох
Ки гӯӣ ҳалқаи дасти ту бошад.
Дилам хоҳад чунон девонагиҳо
Ки умре ёд бинмояд Душанбе.
Занам фарёд сӯи моҳу анҷум
Зи фарёдам ба дод ояд Душанбе…
Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб
Ки бахти мастӣ дар ҳушёриям нест.
Дилам он қадр хоби мастӣ хоҳад,
Ки хоби бахт дар бедориям нест…
[1982]