Талъати болидааш коҳида буд.
Дар назар чун шаҳри баъди зилзила
Кишвари ҳуснаш зи ҳам пошида буд.
Хирмани гесӯи ӯро бурда бод,
Ғабғаби симини ӯ пурчин шуда.
Сурмаи чашмони ӯро шуста ашк,
Чеҳраи хандони ӯ ғамгин шуда.
Мегузашт аз растаи бозори гул,
Тирарӯ, парвои як гул ҳам надошт.
Гарчи ӯ ҳам дар малоҳат як замон
Аз дусад бозори гул гул кам надошт.
Ман варо медидаму мекостам
Порае умрам ҳамеомад ба ёд,
Ки варо бо ҷону дил мехостам
Андар ин рӯи замини бокушод.
Чашми ман бо чашми ӯ бархурду пас
Аз нигоҳи ман рамиду дур шуд.
Лек он айёми ишқи содае
Дар хаёлам ҳамчунон манзур шуд.
Ман ба ӯ бархурдам андар роҳи ишқ,
Тифлтабъиҳош бебокона буд.
Ман агар дар шеъри худ дорам ҷунун,
Ӯ ҳам андар ишқи худ девона буд.
Баъд мо хурдем бо ҳам ҷомҳо,
Ҳарфҳо гуфтем аз тақдири дил.
Баъд мо хондем бо эҳсоси гарм
Сафҳаи садрангаи тасвири дил.
Баъд ман як рӯз баҳри озмун
Бо дили худ рӯ ба рӯ кардам дилаш.
Хуб андар тинаташ кардам назар,
Хуб дидам манзари обу гилаш.
Дидам ӯ ошиқ на бо фармони дил,
Ошиқи овозаю номи ман аст.
Дидам ӯ на ошиқи илҳоми ман,
Ошиқи икрому инъоми ман аст.
Баъд ман рафтам ба роҳи шеъри худ,
Боз ӯ роҳи ғалат афтоду рафт.
Ҳар чӣ дод ӯ, рафтааст аз ёди ман,
Ҷуз ҳамин шеъре, ки нақдам доду рафт…
[1986]