Дар он соат, – Лоик Шерали

Дар он соат,
Ки барги охирин гулҳои фасли тирамоҳ аз боғу бустонҳо
Ба сад афсӯс пар чинанд,
Ба хилват ёд кун аз ман!

Дар он соат,
Ки оби рӯдҳои тирамаҳ беҳолу бетуғён
Зи соҳилҳо фурӯ шинанд,
Ба ҳасрат ёд кун аз ман!

Дар он соат,
Ки холӣ ёбӣ кунҷи хонаи худро,
Дар он соат,
Ки холӣ аз ғами ширин бубинӣ он дили фарзонаи худро,

Дар он соат,
Ки дунё бо ҳама ҷангу ҷидолонаш,
Дар он соат,
Ки гардун бо ҳама бадру ҳилолонаш
Бароят ҳамчу пуффакҳои дасти кӯдакон ночиз бинмояд;

Дар он соат,
Ки ин дунёи беоғозу беанҷом
Бароят як нафас поёнпазир ояд,
Ба раҳмат ёд кун аз ман!

Замоне ошиқат будам,
Ҳамин давлат маро кофист!
Касе як лаҳза ошиқ буд, медонад,
Ки дар он лаҳзаи умри худоёна
Тамоми зиндагиро метавон фаҳмиду ботил кард…

Агар мо розием аз ишқ,
Дунё ҳам зи мо розист.

… Агар шаб ё саҳар нодида чашматро
Бипӯшам чашм аз дунё,
Ту, эй афсонаи ширини умри ман,
Агар номи маро н-орад ба ёдат нағмаи якрези боронҳо,
Ба миннат ёд кун аз ман!

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *