Дар буттаҳои гул нашкуфта ғунчаест, – Лоик Шерали

Дар буттаҳои гул нашкуфта ғунчаест,
Дар нӯки шохҳо баргест вопасин.
Нашкуфта меравад он ғунча аз ҷаҳон,
Он барг мефитад рухзард бар замин.

Дар боғи тирамаҳ ҳузни димоғсӯз,
Ҷуз зардии хазон нақшу нигор нест.
Аз хашхаши хазон ояд навои дард,
Дар боғи тирамаҳ атри баҳор нест.

Бар фарши пурхазон бигзорӣ чун қадам,
Ҳар барг зери по афсӯс мехурад,
Яъне ки одамӣ аз созу барги умр,
Рӯзе, ки бигзарад, барге намебарад.

Холист дашту кӯҳ аз оҳи ошиқон,
Гӯё ки тирамаҳ ноошиқона аст.
Дилсардие агар дар ишқ кора кард,
Дамсардии хазон ӯро баҳона аст.

Дар чор фасли сол ошиқтарам ба ӯ,
Ин ҳам гуноҳи ман, ҳам бегуноҳияст.
Кай тарсад аз хазон ин ишқи бехазон
Чун ибтидои ӯ худ тирамоҳияст.

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *