Домани пираҳану домани дашт.
Ғам махур, эй дили одаткарда,
Боз як ишқи ду-серӯза гузашт.
Боз як ишқи хатопеша гузашт,
Хок бодо ба сари собиқаҳо!
Ҳар чӣ берун зи дилам монд, бимон
Барфу борон бараду соиқаҳо!
Ин қадар ҳаст, ки раҳмам ояд
Ба чунин содагию бехабарӣ.
Аз ту собитқадамӣ мехоҳад
Ғофил аз он, ки ту як раҳгузарӣ…
Чашми тобони вай аз чеҳраи ман
Нуқтае аз хати тақдир нахонд.
Ӯ ҳамон ташна бирафт аз дарё,
Дили ман низ ҳамон ташна бимонд.
Ӯ надонист, ки андар тақвим
Соли мор аст ва ё ҳамдуна,
Лек дар кокули худ хотира бурд
Гули хайрию гули бобуна.
[1982]