Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад, – Лоик Шерали

Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад,
Бимон, дар чашмҳои ту ҷавониам ҷавон монад.
Ту бо он ҳусни оламгир аз олам чӣ мехоҳӣ?
Бимон, дар шеъри ман аз дарди ишқи ту нишон монад.

Ба мисли хандаҳои обшорон хандаҳои ту,
Худодод асту нотакрор он ҳусни расои ту.
Кунам барчош ҳар як мисраъу ҳар ҳарфи шеърамро
Шаби ҷашни арӯсият ба қадди дилрабои ту.

Туро мехоҳам, эй маҳтоб, дар шабҳои маҳтобӣ,
Туро чун хоб мехоҳам дар ин шабҳои бехобӣ.
Намеоӣ, намеҷӯӣ, вале баъди ҳазорон сол
Маро чун устухони Рӯдакӣ аз хок мекобӣ…

[1967]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *