Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг – Лоик Шерали

Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг
Чу духтар кокулашро шона мекард.
Парастуе, ки ҷои лона меҷуст,
Ту гӯӣ дар дили ман лона мекард.

Дарахтон шохаҳои сабзи худро
Ба таъзими замин хам карда буданд.
Ба рӯи раҳ зи рақси нуру соя
Тамошогоҳи хуррам карда буданд.

Чи арзон мефурӯшиданд гулро
Сари раҳ баччагони дарсбезор –
Гули мақсуди худ ночида аз умр.
Ба савдои гул афтода ба бозор.

Ҳама будем андар кӯю барзан
Ба кокул гул, ба лабҳо хандаи гул.
Ҳама гулчину гулбозу гуландом,
Ҳама арзандаю зебандаи гул.

Гулафшон гарди гул мерехт бар сар,
Баҳор он сол авранги дигар дошт.
Дилам дар умри худ як бор гум зад,
Дилам як бор оҳанги дигар дошт.

Дилам як бор шӯриду зи худ рафт,
Намедонам куҷо рафту чиҳо кард.
Фақат донам, ки боре рафту умре
Маро бо лаззати дард ошно кард.

Кунун баъди хазони даҳ баҳоре,
Ки дар дил дардҳоям таҳнишин шуд,
Кунун баъди пушаймонии бисёр,
Ки саҳву иштибоҳи дил яқин шуд,

Кунам фарёд сӯи ёри рафта:
Маро, эй бегунаҳ, дорӣ ту дар ёд?
Ману ту ошиқони сода будем,
Ту будӣ содадил, ман содабунёд…

Ало, эй ёри нобӯсидаи ман,
Баҳори сабзи оғӯшат куҷо шуд?
Гирифтам, пичаат ҳоло дуранг аст,
Сияҳгӯши сари гӯшат куҷо шуд?

Кунун бо дидаи пурдидаи худ
Агар дар сафҳае номам бихонӣ.
Бидон, ки ман ҳамон гумкардаи ту,
Туро гум кардаму гум шуд ҷавонӣ…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *