Барфу борон рехт дарҳам ҳамчу дарди ошиқӣ, – Лоик Шерали

Барфу борон рехт дарҳам ҳамчу дарди ошиқӣ,
Мурғакони бемакон дар хештан печидаанд.
Шохсорон сархаму хомӯш зери бори барф,
Гӯиё аз рӯзгори хештан ранҷидаанд.

Ман зи пушти шиша мебинам, ки аҳли рӯзгор
Аз паи кореву ёре медавад болою паст.
Гар ғубори барф биншаста ба мижгони яке,
Дар рухи дигар ғубори зиндагӣ биншастааст.

Мезанад минқор андар симҳои мавҷгир
Мурғаке то пай барад аз розҳои осмон,
Мурғаки дигар панаҳ бурдаст зери пардабом,
Аз баландӣ бингарад дар ҷунбуҷӯли одамон.

Ин бинои рӯ ба рӯ чун махзани пӯшида аст,
Сар бурун н-орад касе аз шишаи балкони ӯ.
Барф меборад башиддат то дами шом аз саҳар,
Чун зимистон аст, инак – навбати даврони ӯ.

Хонаам аз дуди танбоку чу берун тира аст,
Бар машомам лек доим мерасад бӯи баҳор.
Ман баҳоре дораму шеърам аз ӯ гул мекунад,
То ки орад ошиқонро шеъри ман бӯи баҳор…

[1975]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *