Барои он ҳама дунёи эъҷоз, – Лоик Шерали

Барои он ҳама дунёи эъҷоз,
Барои он ҳама ангези парвоз
Барои он ҳама иршоду илҳом
Барои он ҳама оғозу анҷом
Барои он ҳама сӯзу гудози ман,
Ман аз ту розиям, эй ҳамниёзи ман!

Барои он ҳама оташ,
Ки дар ҷони мани девона месӯзад,
Барои он шарори дил,
Ки ҳастии маро мардона месӯзад,
Барои шуълаҳои поксӯзи ишқ,
Ки баъди марг чун шамъи мазори ман
Миёни сатрҳои шеър ҷовидона месӯзад,
Ман аз ту розиям, эй ғамгусори ман!

Маро, ки то кунун дониста будам манзили зан чист,
Ту фаҳмондӣ, ки дунёи дили зан чист.
Ту фаҳмондӣ, ки зан дар ишқ монанди Табиат –
Бо маҳу бо офтобу бо ҳама сайёраҳои дуру наздик
Офаринандаст –
Ту фаҳмондӣ, ки зан ҳамчун худованди таоло
Зи пайғамбартарошон сахт безор аст.

Ту дар ман баҳри ман дарёфтӣ он махзанеро,
Ки гӯӣ ҳуфрагар
Андар замини ҳафриёти бостон ёбад
Баногаҳ кӯзаи тилло –
Бигирад, пок созад аз ғубору гард,
Ҷилояшро бубинад дар нигоҳи шуълаи хуршед…
Ту дар ман ёфтӣ сад махзани ноёб,
Ту дар ман ёфтӣ сад махзани уммед.
Маро, ки чашмае будам,
Ба дарё ошно кардӣ
Маро, ки дар замин будам,
Ту ҳамдӯши само кардӣ…

Чӣ гӯям боз, эй ҳусни ҳаёти ман?
Чӣ гӯям боз, эй парвози ёди ман?
Барои чашми тобонат,
Барои атри зулфонат,
Барои ҳар сухан,
Ҳар нома,
Ҳар занги телефонат,
Барои хилқати зебопарасти ту,
Барои он, ки ҳастӣ ту,
Ман аз ту розиям, то зиндагиро роҳу манзил ҳаст,
Ман аз ту розиям, то ҳастаму дар синаам дил ҳаст…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *