Аз ҷафо, аз ғиром, аз тақсир
Аз дурӯғу фиреби домангир
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Аз гумону маломату буҳтон,
Ки занад ҳар нафас ба дил сӯҳон;
Аз дағалбозиҳои дилкӯрон,
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Фасли рушду камол мегузарад,
Ҳамчу хобу хаёл мегузарад,
Қадри ҳусну ҷамол мегузарад,
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Чун гули тирамаҳ хазондида,
Ҳамчу рӯди ба роҳ хушкида,
Чун тани аз азоб коҳида
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Чун матое, ки борхурда шавад,
Чун замине, ки низ мурда шавад.
Чун асо, ки ба раҳ фасурда шавад,
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Хоҳу нохоҳ бе иродаи мо
Ҳар нафас бо азоби ҷонфарсо
Ҳамчу мо дар кашокаши дунё
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Гарчи аз ӯ фасонаи дилҳост,
Гарчи аз ӯ ҷаҳони бопаҳност.
Гарчи аз ӯ ҷавонии дунёст,
Безамон пир мешавад, афсӯс,
Ноаён пир мешавад, афсӯс…
[1973]