Аввалин шеъри пур аз дардам ту будӣ.
Аввалин ошӯби сӯзон
Андаруни синаи сардам ту будӣ.
Шеърҳои беҳтаринам –
Гӯӣ захми тири тақдиранд дар девони ман.
Шеърҳои дилнишинам –
Нақши сомонанд дар тақдири бесомони ман.
Дар гуноҳи мо, ки ғофил мондаем аз ҳамдигар
Зиндагонӣ бегуноҳ аст.
Сабзае гар дар замини бахти мо рӯяд кунун,
Сабзаҳои тирамоҳ аст.
Баъд аз ин ҳарчанд бо сад ҷону дил
Зиндагиро дӯст медорем мо,
Аз барои ҳамдигар
Тухми гулро дар замини мурда мекорем мо
Лек дорам орзуе аз туву аз зиндагонӣ:
То ба олам зинда бошам, баҳри ман олам ту бошӣ.
Аввалин шеърам ту будӣ,
Охиринаш ҳам ту бошӣ…
[1982]