Ба он модар, ба он манзар,
Ҳазорон шукру миннат бод,
Ки зери гунбади ахзар
Туро баҳри дили ман зод.
Муборак ҷашни милодат, гули ман,
Сари сабзат, дили шодат, гули ман.
Ба он чашма, ба он дарё
Ҳазор аҳсан, ҳазор аҳсан,
Ки ту рӯ шустаӣ дар он,
Сипас дил бастаӣ бо ман.
Муборак ҷашни милодат, гули ман,
Сари сабзат, дили шодат, гули ман.
Ба он пайроҳаи борик
Санову ҳамди бепоён,
Ки моро рӯ ба рӯ овард
Дар ин дунёи саргардон.
Муборак ҷашни милодат, гули ман,
Сари сабзат, дили шодат, гули ман.
[1986]