Ту зебоиву ман зебопарастам,
Ту барноиву ман барнопарастам.
Дар ин як умри кӯтоҳе, ки дорам,
Ту яктоиву ман яктопарастам.
Гули ман, эй гули ман, эй гули ман,
Арӯси хушқади чилкокули ман.
Гувоҳи сӯзи ҷони ман ту бошӣ,
Ҷаҳоне дар ҷаҳони ман ту бошӣ,
Ҷавониро кунам қурбони номат,
Агар ёри ҷавони ман ту бошӣ.
Гули ман, эй гули ман, эй гули ман,
Арӯси хушқади чилкокули ман.
Ба мисли мо касе пайдо набошад,
Чу мо ошиқ дар ин дунё набошад.
Ман аз абрӯи пайвасти ту хондам:
Ҷудоӣ дар миёни мо набошад.
Гули ман, эй гули ман, эй гули ман,
Арӯси хушқади чилкокули ман.
[1982]