ХАЗОНРЕЗ – Лоик Шерали

ХАЗОНРЕЗ

Рӯд аст коҳил, хуршед хаста.
Барги дарахтон – боли шикаста,
Дар тарфи гулхан аз оби оташ
Нӯшед ҷоме бо ҳам нишаста.

Бо ҳам бисозед, эй дӯстдорон,
Хазон мерезад аз шохсорон
Хазон мерезад,
Хазон мерезад…

Ҳар дам ғанимат оромиши дил,
Осоиши ҷон, осоиши дил.
Барге, ки резад, оҳиста гӯяд:
Ишқ аст, ёрон, ороиши дил…

Бо ҳам бисозед, эй дӯстдорон,
Хазон мерезад аз шохсорон
Хазон мерезад,
Хазон мерезад…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *