Чи афсуне, чи ҷодуе,
Намедонам, намедонам,
Ки ишқат ногаҳон бигрифт
Гиребонам, гиребонам.
Бимирам чашмаконатро,
Бигӯ асли маконатро.
Бигӯ, оям талабгорӣ
Рухони хунчаконатро.
Ту мерафтӣ шукуфонрӯ
Гул андар кокулонат буд.
Ба қурбони ҷавоният,
Ки ҳусни навқиронат буд.
Бимирам чашмаконатро,
Бигӯ асли маконатро.
Бигӯ, оям талабгорӣ
Рухони хунчаконатро.
Ту бо гулханда мерафтӣ
Хуш аз эҳсони озодӣ.
Ба ханда бандаам кардӣ
Дар ин даврони озодӣ.
Бимирам чашмаконатро,
Бигӯ асли маконатро.
Бигӯ, оям талабгорӣ
Рухони хунчаконатро.
[1986]