ПАНДИ КӮҲНА – Лоик Шерали

ПАНДИ КӮҲНА

Ёрон! Ба каф пиёлаву дар дил ғубор чист?
Имрӯз ҳам гузашт, ғами рӯзгор чист?
Охир дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст?
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст.

Ёрон! Баҳори ошиқӣ бо гулфишон гузашт,
Дарёи дил зи соҳили суду зиён гузашт,
Ин дил, ки ранҷ мекашад, то кай саломат аст?
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст.

Ёрон! Ба орзуи дил бояд расида рафт.
Нозе зи ёр гар расад, бояд кашида рафт.
Ёре, ки ноз мекунад, то кай баҳиммат аст?
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст.

Ёрон! Сари азиз фидои саре кунед.
Дар ҳар даре тараннуми шеъри дарӣ кунед.
Шеъру суруд шуълаи дарди муҳаббат аст,
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *