Муддате шуд, ки дилам
Бехуду моили туст.
Аз қазо рафта чунин –
Дили ман бо дили туст.
Ту, ки медонӣ ҳама сӯзу навои дили ман,
Хандаҳои дили ман, гиряҳои дили ман,
Ту дигар зинда бимон аз барои дили ман,
аз барои дили ман!
Дили ман бо дили туст,
Ту варо сода магир.
Варна меёбӣ варо
Дар ҷавонӣ шуда пир…
Ту, ки медонӣ ҳама сӯзу навои дили ман,
Хандаҳои дили ман, гиряҳои дили ман,
Ту дигар зинда бимон аз барои дили ман,
аз барои дили ман!
Дар ҷавонӣ шуда пир…
Ин мабодо, ки мабод.
Варна аз ишқи дилам
На нишоневу на ёд…
Ту, ки медонӣ ҳама сӯзу навои дили ман,
Хандаҳои дили ман, гиряҳои дили ман,
Ту дигар зинда бимон аз барои дили ман,
аз барои дили ман!
[1986]