АРӮСБИЁРОН – Лоик Шерали

АРӮСБИЁРОН

Арӯси мо – арӯси ҳаждаҳсола,
муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Ду чашмаш оташин мисли ситора,
муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Арӯси мо арӯси нозанин аст,
муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Миёнаш борику абрӯ маҳин аст,
муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Арӯси мо дарахти арғувон аст,
муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Ҷавонӣ дораду бахташ ҷавон аст,
муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Арӯси мо чу моҳи чордаҳ бод,
муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Ба дасти мо ҳама пурмай қадаҳ бод,
муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Арӯси мо гули бехор бошад,
муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Ҳамеша бо саодат ёр бошад,
муборак, ин шаби шодӣ муборак!

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *