Агар тирам ба сар борад, туро ман дӯст медорам, – Лоик Шерали

Агар тирам ба сар борад, туро ман дӯст медорам,
Агар чархам биозорад, туро ман дӯст медорам.
Ту яктои манӣ, эй гул, тасаллои манӣ, эй гул
Агар ҷонам рамақ дорад, туро ман дӯст медорам.
Туӣ худ орзуи ман, камоли ҷустуҷӯи ман,
Агар ишқам ба марг орад, туро ман дӯст медорам.
Агар арзи ниёзи ман, ҳама сӯзу гудози ман
Ба гӯши ту намефорад, туро ман дӯст медорам.
Агар гардуни дун як дам набигзорад, ки хуш бошам,
Гузорад ё набигзорад, туро ман дӯст медорам.
Қасам бар холи абрӯят, қасам бар шуълаи рӯят,
Қасам бар чашми хумморат, туро ман дӯст медорам.
[1980]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *