Айш хоҳӣ, азобҳо бинӣ, – Лоик Шерали

Айш хоҳӣ, азобҳо бинӣ,
Рӯй ҷӯӣ, ниқобҳо бинӣ.
Ҳар қадар хоҳӣ гарданафрозӣ,
Даври гардан танобҳо бинӣ.
Бахти бедорро, ки ҷӯёӣ,
Чун бихобӣ, ба хобҳо бинӣ.
Ҳалли осони мушкили қисмат
Дар кинову китобҳо бинӣ.
Ёбӣ гар сарҳисоби иншое,
Бухли бесарҳисобҳо бинӣ.
То даме мард бошӣ, бар сари худ
Туҳмати занқимобҳо бинӣ.
То даме зиндаӣ, ба ҳар қадамат
Ғарази гӯркобҳо бинӣ.
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *