Норасоиҳои бахт аз норасоии ман аст.
Гар ба мақсад мерасидам роҳи ман кӯтоҳ буд,
Ин қадар раҳҳо дароз аз роҳпоии ман аст.
Гар замину осмон аз ҳам ҷудо афтодаанд,
Сурати як лаҳза аз ёрон ҷудоии ман аст.
Толеи ноошноям гар ба ман ёрӣ накард,
Айби нодилёбию ноошноии ман аст.
То нахурдам пешпо, бар роҳ нанмудам назар,
Шеърҳоям гар дуруст аст, аз хатоии ман аст.
Дар сари ҳар мисрае гар ҷону дил кардам фидо,
Бар замону зиндагӣ ин ҷонфидоии ман аст.
[1979]