Биё, эй ишқи нав, рӯҳам ҷавон кун, – Лоик Шерали

Биё, эй ишқи нав, рӯҳам ҷавон кун,
Биё, эй дарди нав, тармими ҷон кун.
Биё, эй васли нав, аз қабзаи марг,
Маро бистону фахри ҷовидон кун.
Биё, эй дасти гарму нарми симин,
Маро бар даст гиру достон кун.
Биё, эй ҳусни нав, ҳузни маро куш,
Биё, эй аҳди нав, охирзамон кун.
Биё, эй фарри яздонии одам,
Замини оҷизамро осмон кун.
Биё, эй ишқи нав, эй марги ширин,
Ҳар он ҳукме, ки медонӣ, ҳамон кун!
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *