Бод дар кафат монда – ҷурми боданӯшиҳо, – Лоик Шерали

Бод дар кафат монда – ҷурми боданӯшиҳо,
Сахтият ба сар омад – узри сусткӯшиҳо.
Раъд бар сарат ғуррад, бод бар дарат шӯрад,
Худ ба худ фиғон дорӣ – ҳосили хамӯшиҳо.
Пухтагон ҳама бурданд пухтаҳои полизат
Норасида мондастӣ – бори хомҷӯшиҳо.
Охирин калӯшатро мебаранд аз поят
Баски достонастӣ дар даҳонкалӯшиҳо.
Мокиёни куркатро мепаранд гунҷишкон –
Заъфи бехурӯсиҳо, заъфи бехурӯшиҳо.
Арғувони боғатро додаӣ ба хастабъон,
Бо вуҷуди урёнӣ боз айбпӯшиҳо?..
Қарздорӣ аз ҳар саг устухоневу лекин
Мекунӣ ба ҳар ҷое устухонфурӯшиҳо…
9.11.1993
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *