Бо лутфу бо назокат кори шумо набошад!
Аз ишқи камназире, аз ҳусни дилпазире
Дорад дилам қиёмат, кори шумо набошад!
Ошӯби ташнагиро, туғёни бехудиро
Дил донаду муҳаббат, кори шумо набошад!
Аз ишқи нотамоме кори дилам тамом аст,
Ин ҳам бувад саодат, кори шумо набошад!
Дар базми зиндагонӣ пирем ё ҷавонем,
Дорем ҳаққи навбат, кори шумо набошад!
Сиратпараст моем, дил рӯи даст моем,
Эй ошиқони сурат, кори шумо набошад!
Мо меравем аз худ, то хешро биёбем,
Эй ноширони ғайбат, кори шумо набошад!
[1982]