Боз аз ғамҳои он ғамхор месӯзад дилам.
Бахти ноҳамвори ман ҳамвор кай гардад дигар,
Баъд аз ин ҳамвора ноҳамвор месӯзад дилам.
Дар назар орам, ки беморе ба мурдан рӯ ба рӯст,
Мисли шамъи бистари бемор месӯзад дилам.
Чун бубинам ғунчае аз кокули ёре фитод,
Бо ҳазор афсӯси нотакрор месӯзад дилам.
Чун бубинам ахтаре афтод аз сақфи баланд,
Чун паи ӯ дар шабони тор месӯзад дилам.
Чун биандешам, ки ҳоло бе ҷавонӣ мондаам,
Сахт месӯзад дилам, бисёр месӯзад дилам.
[1979]