Дар канори рӯд дур аз он канор истодаам – Лоик Шерали

Дар канори рӯд дур аз он канор истодаам
Бемадорои муҳаббат бемадор истодаам.
Тирамаҳ ҳарчанд мегӯяд: баҳорат рафтааст,
Чун ҳинои санг ёде аз баҳор истодаам.
Ишқи ман дар кӯҳсорон ғулғуле афканда буд,
Ин замон хомӯш ҳамчун кӯҳсор истодаам.
Як замон дар синаи ман обшори шавқ буд,
Гӯши ҷон бар нағмаҳои обшор истодаам.
Шавқи ман мурд, орзуям сӯхт, дил беқибла монд,
Бар ҳама гумкардаҳоям ёдгор истодаам.
Рӯд хушкидаст, лабҳояш сафолак бастаанд,
Бо умеди хушку шеъри обдор истодаам.
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *