Дар ҳеҷ одам ояте з-одам намондааст – Лоик Шерали

Дар ҳеҷ одам ояте з-одам намондааст
Дар қавли мард ҳуҷҷате муҳкам намондааст.
Чун тир рост мезанад бар синаҳои халқ
Ҷуз марг бар ҷароҳате марҳам намондааст.
Аз баҳри номуродии фарзанди ғӯрамарг
Дар чашмхонаи падарон нам намондааст.
Аз хурдани насибаи фарзанди одамӣ
Дар хоки рӯзгор ба ҷуз ғам намондааст.
Дар навбаҳори зиндагӣ чун барги лолае
Одам ғанимат аст, ҳамон ҳам намондааст.
Дар чанги дарди дам ба дам то вопасин даме
Гар одаму дам аст, ҳамин дам намондааст.
Дар ин муҳити дарҳаму барҳам зи баҳри суд
Ҷуз баҳсҳои дарҳаму барҳам намондааст.
Бо он ки офаридаи борист одамӣ
Раҳме ба ҷони баччаи одам намондааст.
Ҳотам шуданд пуштиён аз пушти моли халқ,
Аммо шукӯҳи ҳиммати Ҳотам намондааст.
Эй миллати ақим, ки фарзанд мекушӣ,
Исо чӣ орзу кунӣ, Марям намондааст.
10.02.1994 – Бемористони Қарияи боло
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *