Дар сӯҳбати чашмонат соғар ба кафи дастам, – Лоик Шерали

Дар сӯҳбати чашмонат соғар ба кафи дастам,
Ин лаҳза, ки ман мастам, дарёб, ки ман ҳастам.
Эй ёри биҳиштоғӯш, ин лаҳза муборак бод,
Дар доми ту афтодам, аз доми аҷал растам!
Ин лаҳза, ки ширин аст, аз бӯяи дерин аст,
Наздик чу зулфонат бо рӯи ту биншастам.
Дарёфтамат ин сон ҷон ташнаву дил ташна,
Ман ҳам зи лабони ту дилташнагӣ бишкастам.
Чун гесуи афшонро бар рӯи ман афшондӣ,
Гесуи малак омад дар панҷаву дар шастам.
Пур кардӣ чу оғӯшам, аз ман ду ҷаҳон пур шуд,
Пур бош ту ҳам аз ман то ҳастиву то ҳастам!
18.11.1996
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *