Бедар аст, эй вой, дидам қасру даргоҳи туро.
Дигарон то осмон рафтанду ту то остон,
Дидам, эй мурғи саро, парвози кӯтоҳи туро.
Донаи суде надидам баҳри аҳли киштукор
Ҳар қадар ки бод кардам хирмани коҳи туро.
Хулқи ту ҳаргиз набуда дар талоши суди халқ,
Ҷуз ҳавои хеш ку нафси ҳавохоҳи туро?
Баски андар зиндагӣ гулро ба пул бифрӯхтӣ,
Гул куҷо, пул ҳам насозад сер ин чоҳи туро…