Дил адои дигареву ман адои дигаре.
Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост,
Дил фидои дигареву ман фидои дигаре.
Доғ рӯи доғ бигзорему хоҳем аз табиб
Дил давои дигареву ман давои дигаре.
Гарчи мо ҳаргиз раводори гуноҳе нестем,
Дил равои дигареву ман равои дигаре.
Бехато хоҳем будан, лек содир мекунем
Дил хатои дигареву ман хатои дигаре.
Гарми парвозем, аммо самтҳо аз ҳам ҷудо –
Дил фазои дигареву ман фазои дигаре.
Гарчи яклахтем, якбахт аз куҷоем, эй дареғ,
Дил ба ҷои дигареву ман ба ҷои дигаре…
[1986]