Биё аз як гиребон сар барорем, эй накӯкора!
Намебинӣ, намесӯзӣ, чаро аз ғам намегирйӣ,
Ки механдад ба ҳоли мо ҳама аҷроми сайёра?
Агар сайёра овора-ст, ҷурми ӯ ба дӯши мост?
Чаро бошем аз тобут то гаҳвора овора?
Ҷаҳонро чораю тадбир омӯзондаем, аммо
Чаро худ дар ҷаҳон мондем бетадбиру бечора?
Забонмон то куҷо парвоз карду мо куҷо мондем?
Зи афранги ситамкора? Зи бонги шуми “Аврора”?
Хирадмон то куҷо эъҷоз карду мо куҷо мондем?
Зи нафси чанд худкома? Зи наҳси чанд патёра?
Туро мегӯям, эй додар, туро мегӯям, эй хоҳар,
Ки бо ман бош то бинмоямат шаҳроҳи ангора.
Биё, то бишнавӣ аз ман суруди ҷовидони Мо:
Дари уммед бикшоям, на дарвоза, на дарсора.
Биё дар пои он модар, ки моро зод, сар бинҳем,
Ки то сайёра гардон бод, ҷунбон бод гаҳвора!
26.02.1998