Ёр меҷӯему бо ноёр қисмат мекунем, – Лоик Шерали

Ёр меҷӯему бо ноёр қисмат мекунем,
Баҳр меҷӯему бо ҷӯе қаноат мекунем.
Ишқ меҷӯему аз шавқе пушаймон мехурем,
Ком меҷӯему бо ҷоме кифоят мекунем.
Меҳр меҷӯем, аммо баъд аз муҳри никоҳ
То фалак аз муҳри меҳри худ шикоят мекунем.
Рӯзи аввал пеши пои ёр сар меафканем,
Рӯзи дигар бар сари ӯ сад қиёмат мекунем.
Ваҳ чи бадбахтист, ёраб, дар ҷаҳони бурду бохт,
Давлати дил дода аз каф, боз савлат мекунем.
Ман намедонам чӣ дорад расми каҷдорумарез,
Ки ба рағми асли худ бо ғайр одат мекунем.
Ман намедонам чӣ дорад ормони мо, ки мо
Хизр меҷӯему бар хирсе ибодат мекунем.
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *