Зиндагӣ бо ранҷу меҳнатҳо гузашт, – Лоик Шерали

Зиндагӣ бо ранҷу меҳнатҳо гузашт,
Бо ҳазорон дарду ҳасратҳо гузашт.
Бахт мисли ахтаре дар чарх сӯхт,
Ишқ чун ҷанҷоли давлатҳо гузашт.
Бар сари мо то битобад офтоб
Эй басо буҳтону туҳматҳо гузашт.
Мо ба асли хеш қоим мондаем,
Он ҳама рашку хусуматҳо гузашт.
Аз шикоят лаб ба кас накшудаем,
То фалак бар мо шикоятҳо гузашт.
Дил ба дарё, сар ба савдо доштем,
Баҳри миллат айбу иллатҳо гузашт.
То қиёматро набинад одамӣ,
Аз дили мо бас қиёматҳо гузашт.
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *