Халқи ман, эй асли нангу номи ман.
Бахти сабзу рӯи сурху чашми сер,
Обрӯю иззату икроми ман.
Ман агар имрӯз мирам дар ғамат,
Ту ба фардо мебарӣ пайғоми ман.
Шодбахтам з-он ки бо шеъру суруд
Сарфи айёми ту шуд айёми ман.
Кай чунин мастӣ раво медоштам,
Ту намебудӣ агар ҳамҷоми ман.
Дар дилам гар оташи меҳрат набуд,
Пухта кай мешуд каломи хоми ман?
Баҳри хушкомии ту гуфтам сухан,
Бо сухан бардоштӣ то коми ман.
Боз ҳам раҳни ғами ҷони ту бод
Ҷони ман, ин ҷони беороми ман.
Ин ғазал гуфтам, ки ёд орӣ ба меҳр
Дар ҳама оғозҳот анҷоми ман.
[1986]