Иддае малангу манг нашъаманду хашхошӣ.
Дастаест даъвогар, дастаест яғмогар,
Дар замин занад оташ, гар ту донае пошӣ.
Раҳбаре ба ғайр аз “ман” несташ ғами меҳан,
Раҳни косаи оше карда косаи кошӣ.
Ин якест пурхора, дигарест бадкора,
Модаре ҷигарбирён, ӯ ба фикри айёшӣ.
Он яке чу Ҳурмузд аст, нек бингарӣ дузд аст,
Мурда бекафан рафта, ӯ ба қасди наббошӣ.
Дар забон қариби халқ, ҳомию ҳабиби халқ,
Дар ниҳон рақиби халқ: худсарию авбошӣ.
Дар забон ғами миллат, дар ниҳон дами миллат,
Рӯзи мотами миллат – раҳзанию қаллошӣ.
Манзаре, ки мебинам, рахна мекунад динам,
Миллати наҷиби ман, то куҷо чунин бошӣ???
ноябри 1992