Ғами мо хурд? Ҳама бешу ками моро хурд.
Баски номаш зи шикамборагӣ чизе ҳам дошт,
Хурдае додаву нони шиками моро хурд.
Карамаш ин, ки ду-се коса карамшурбо дод,
Суфраи ҷуду сахову карами моро хурд.
Сар даровард чу дар хиттаи бесарвари мо
Сари мардони муборакқадами моро хурд.
Қалами пош чу бар ин сафаҳот омад, зуд
Сари сад қофила соҳибқалами моро хурд.
То куҷо бо ману ту расми ҷигардорӣ кард?
Ҷигари сӯхтаи пуралами моро хурд.
Қасами сидқу сафо хурд, вале дар ботин
Қасами зина ба зина адами моро хурд…
14.04.1992 – Бемористон