Ин харобазамин диёри ман аст – Лоик Шерали

Ин харобазамин диёри ман аст
Марзи хунини ёдгори ман аст.
Чун мазори умедҳом ин ҷост,
Охируламр ҳам мазори ман аст.
Оҳи ман гӯрро битарконад,
Оҳи ман оҳи рӯзгори ман аст.
Халқи тоҷик гар надорад пос,
Гӯри торик посдори ман аст.
Дар канори шумо нагунҷидам,
Хоки аҷдод ҳамканори ман аст.
Модарам рафт, низ биштобам
Рӯҳи покаш дар интизори ман аст.
10.12.1993
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *