Кош як рӯзи пур аз нур ва ё як шаби кӯр – Лоик Шерали

Кош як рӯзи пур аз нур ва ё як шаби кӯр
Лаб ниҳам бар лаби ту, пас биравам бар лаби гӯр.
Дуздӣ аз чашми аҷал бар дари чашмат нигарам,
Бибарам дар нигаҳам аз нигаҳат ламъаи нур.
Нафаси бозпасинам нафаси гарми ту бод,
Бишнавам нафҳаи ту, то бидамад нафхаи сур.
Рӯи ту бинаму бидруд кунам рӯи ҷаҳон,
Қурби ту хоҳаму з-он пас бишавам аҳли қубур.
Эй хуш он дам, ки дар оғӯши ту ҷон биспорам,
Пас зи ту дур шавам, дур шавам, дур… ба гӯр…
4.01.1993 – Теҳрон
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *