Қурбони чашми равшанат, ман меравам нагӯй, – Лоик Шерали

Қурбони чашми равшанат, ман меравам нагӯй,
Зорам ба гарди доманат, ман меравам нагӯй.
Барбод рафт хирмани дорунадори ман
Мирам ба мӯи хирманат, ман меравам нагӯй.
То дасти ту ба гарданам, гардун ба дасти туст,
То дасти ман ба гарданат, ман меравам нагӯй.
Сар то ба по хазинаи ҳусну малоҳатӣ,
Ҷуз ин баҳона ҷустанат, ман меравам нагӯй.
То он ки ҳар ду меравем аз ин ҷаҳони паст,
Хуш бод ин нишеманат, ман меравам нагӯй.
14.01.1995 – Бемористон
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *