Ман агар мағрурам, аз он ҳусни мағрури туам.
Ташнаи васли туам бо ин ҳама дарёдилӣ,
Бо ҳама бинодилӣ як ошиқи кӯри туам.
Рӯзу шаб чашму дилам саршори дидори туаст,
Бо ҳама унсу қаробат гарчи раҳдури туам.
Аз лаби ширини ту талхии умрам нақд шуд,
Шӯрии бахт аст агар ин қадр пуршӯри туам.
Бо ҳама дурӣ ба дил дорам тасалло ин қадар,
К-аз миёни мисраҳои шеър манзури туам.
[1986]